Добавить
Уведомления

Даври интихобии олимпиадаи байналмилалӣ дар самти робототехника “WRO-2021”

БА КАНАЛ ОБУНА ШАВЕД ВА АЗ ПЕШРАВИҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ПОЙТАХТ БО ХАБАР БОШЕД. ПОДПИСЫВАЙТЕСЬ НА КАНАЛ И БУДЬТЕ В КУРСЕ ВСЕХ ДОСТИЖЕНИЙ В СФЕРЕ ОБРАЗОВАНИЯ СТОЛИЦЫ ДАВРИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “WRO-2021” ДАР ДУШАНБЕ 22 августи соли 2021 Мактаби байналмилалии робототехника “Лигаи роботҳо” дар ҳамдастӣ бо Муассисаи давлатии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки ба роҳандозии фанновариҳои муосир дар соҳаи илму маорифи пойтахт пайваста таваҷҷуҳи вижа зоҳир менамояд, дар муассисаи давлатии таълимии Литсейи № 3 барои хонандагони болаёқати пойтахт даври интихобии олимпиадаи байналмилалӣ дар самти робототехника “WRO-2021” баргузор намуд. Даври интихобии олимпиадаи мазкур ба мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳои эҷодкоронаи хонандагон, афзудани шавқмандии онҳо ба фаъолияти илмӣ-техникӣ, ҳалли вазифаҳои мубрами фаннӣ-инженерӣ, баланд бардоштани ҳайсияти (престиж) касбҳои марбут ба соҳаи фанновариҳои иттилоотӣ миёни ҷавонон, ҷалби таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба навовариҳо ва технологияҳои муосири иттилоотӣ, инчунин фароҳам овардани шароит барои дастгирии кӯдакони лаёқатманд дар соҳаи робототехника ташкил карда шуд. Чорабинии мавриди назар барои доираи васеи хонандагон, ки аз рӯйи синну сол ба се гурӯҳ – кӯдакони аз 10 то 12-сола, наврасони 13-15-сола ва аз 16 то 19-сола тақсим шудаанд, доир шуд. Ғолибон ва ҷоизадорони олимпиадаи байналмилалии “WRO-2021” бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукот қадрдонӣ карда мешаванд.

12+
5 просмотров
5 месяцев назад
7 марта 2025 г.

, чтобы оставлять комментарии