Хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Ҳоҷӣ Неъмат» дар шаҳри Турсунзода / ахбори точикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Ҳоҷӣ Неъмат» дар шаҳри Турсунзода боздид ба амал оварданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода аз хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Ҳоҷӣ Неъмат» боздид намуданд. Хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Ҳоҷӣ Неъмат» соли 2011 таъсис ёфта, дар ихтиёри худ 105 гектар замин дорад ва аз ин ҳисоб 100 гектараш токзор мебошад. Дар хоҷагии мазкур 165 нафар саҳмдор фаъолият карда, асосан ангури навъҳои «шоҳона», «ҳусайнӣ», «ғалаба», «кардинал»-ро, ки хуштаъму болаззат ва аз лиҳози экологӣ тозаи табиӣ мебошанд, истеҳсол мекунанд. Соли дуюм аст дар хоҷагии деҳқонии ангурпарварии “Ҳоҷӣ Неъмат” парвариши ангури навъи «Президент» ба роҳ монда шудааст, ки ҳосилнокии баланд дорад. Бояд тазаккур дод, ки муассиси хоҷагии деҳқонии ангурпарварии “Ҳоҷӣ Неъмат” деҳқони ботаҷриба ва токпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ Неъмат Усмонов мебошад ва ҳоло роҳбарии хоҷагиро писари ӯ Расул Неъматов ба уҳда дорад. Аҳли заҳмати хоҷагӣ бо истифода аз обу ҳавои мусоид ва усулҳои санҷидашудаи парвариши боғи ангур ҳамасола ҳосили фаровон ба даст меоранд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Неъмат” бо боғи ангур, ки бо санъати баланди касбӣ кишту парвариш меёбад, шинос шуда, таъкид намуданд, ки аз хӯшаҳои сербори токҳои ангур аён аст, ки ҳосилнокӣ имсол фаровон аст. Ба иттилои мутахассисон аз 1 гектар боғ аз 30 то 40 тонна ҳосили ангур рӯёнда мешавад. Яке аз самтҳои дигари фаъолияти хоҷагӣ ниҳолпарварӣ мебошад. Дар 0,35 гектар замин парвариши беш аз 40 намуди ниҳоли дарахтони ороишию сояафкани нодир ва мевадиҳанда, ки ба иқлими Тоҷикистон мувофиқ мебошанд, парвариш карда мешаванд. Бо дарназардошти таҷрибаи бойи ин деҳқони асил дар соҳаи ангурпарварӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар заминаи хоҷагии мазкур бо ҷалби мутахассисони хоҷагиҳои токпарварии мамлакат ҳамасола машғулияти амалии саҳроӣ ташкил ва баргузор карда шаванд. Ҳадаф аз роҳандозии ин тадбир амалан хубтару беҳтар омӯхтани нозукиҳои бунёди боғу токзор буда, ба ин восита барқарор ва васеъ кардани замини боғҳои ангур дар мамлакат мебошад. Истифодаи босамари таҷрибаи мазкур имкон медиҳад, ки истеҳсоли ангур дар ҷумҳурӣ ба маротиб зиёд гардида, содироти он ба хориҷи кишвар бештар карда шавад.