Добавить
Уведомления

#Эмомали_Рахмон открыл новые заводы || #ИМРӮЗ_КАЛОНТАРИН_ЗАВОДҲОИ ОРДУ РАВҒАНРО ДАР СУҒД КУШОДАНД

Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли ғалла ҶДММ « Хубҷамъ-Инвест» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 12.06.2021 http://www.president.tj/node/25916 12 июн дар рӯзи дуюми сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд корхонаи коркарди ғалла - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хубҷамъ-Инвест”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи ҷамъияти мазкур бо намунаи маҳсулоти истеҳсолии корхонаи навбунёд ва гурӯҳи коргоҳҳои истеҳсоли ғалладонагӣ, ки ба намоиш гузошта шуда буданд, шинос гардиданд. Корхонаи коркарди ғалла дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Роҳбари давлат ба истиқболи шоистаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Илҳом Рабиев бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ёдовар мешавем, ки зимни мулоқот бо соҳибкорони ҷумҳурӣ, 14 октябри соли 2019 ин соҳибкор дар назди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ташкили ду корхонаи нави саноатӣ иқдоми худро баён дошта буд. Инак, бо гузашти муҳлати начандон тӯлонӣ, бо истифода аз имконияту имтиёзҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат ба бахши хусусӣ ва ҷиҳати саҳмгузории бештар дар самти амалисозии саноатикунонии босуръати мамлакат корхонаи нави истеҳсолӣ сохта, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Коргоҳ дорои хатти муосири истеҳсоли орд буда, сохтмони он соли 2019 оғоз гардида буд. Барои бунёди иншоот 85 нафар сохтмончии маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардида, корҳои сохтмонӣ дар сатҳи баланд ва бо риояи меъёрҳои меъморӣ бунёд карда шудааст. Масоҳати умумии корхона, бо фарогирии як коргоҳи дигар ва иншооти ёрирасон 5 гектар буда, арзиши воқеии иншооти баистифодадодашуда бо назардошти таҷҳизоти насбшудаи сехи коркарди гандум ва истеҳсоли орд 53,3 миллион сомониро ташкил додааст. Аз ин ҳисоб 18,7 миллион сомонӣ барои харидорӣ ва васлу насби таҷҳизот сарф гардидааст. Дар коргоҳ идоракунии раванди истеҳсолот пурра ба таври худкор ба роҳ монда шудааст. Иқтидори истеҳсолии сехи коркарди гандум ва истеҳсоли орд дар як шабонарӯз 650 тонна гандум мебошад. Воридоти гандум ва ғалладонагиҳо ба коргоҳ тариқи роҳи оҳани инфиродӣ ба амал бароварда мешавад, ки аз тарафи соҳибкор бунёд карда шудааст. Дар як вақт дар анбори корхона то 30 ҳазор тонна гандум захира ва нигоҳдорӣ карда мешавад. Воридоти гандум ва донагиҳо аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Русия ба роҳ мешавад ва барои ин аллакай шартномҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст. Дастандаркорони ташкили корхонаи нав, иқдом гирифтанд, ки бахшида ба 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши ҳар халта ордро аз 240 сомонӣ то 200 сомонӣ поёно фароварда, ба фурӯш гузоранд. Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли равғани ҶДММ “Хубҷамъ-Инвест” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 12.06.2021 http://www.president.tj/node/25917 12 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли равғани растании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хубҷамъ-Инвест”-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ифтитоҳ карданд. Сарвари давлат ба фаъолияти ин коргоҳи истеҳсолӣ, ки аз тарафи соҳибкор Илҳом Рабиев бунёд гардидааст, оғоз бахшида, кори иншоотро дар шароити имрӯзаи бозори истеъмолӣ судовар маънидод карданд. Коргоҳи коркард ва истеҳсоли равған бо маблағи 21,1 миллион сомонӣ бунёд ёфта, барои воридори технологияи истеҳсолӣ 14,5 миллион сомонӣ масраф гардидааст. Корхонаи мазкур дар пайгирӣ аз сиёсати бунёдкории роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон сохта шуда, нишонаи татбиқи амалии саноатикунонии босуръати кишвар дониста мешавад. Иқтидори истеҳсолии сехи мазкур дар як шабонарӯз коркарди 50 тонна чигит ва офтобпарастро ташкил медиҳад. Корхонаи равғанбарорӣ ягона сехи инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар ин ҷо истеҳсоли равғани покгардонидашуда дар чанд марҳила, ба монанди раванди безараргардонӣ, сафедкунӣ, сарднамоӣ ва банду баст намудани онҳо ба роҳ монда шудааст. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор дастур доданд, ки сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда тариқи ташхиси ҷиддии озмоишгоҳӣ ва дигар равандҳои ҳатмии истеҳсолӣ ба роҳ монда шавад. Тазаккур дода шуд, ки оғози истеҳсолот, аз покгардонии равған сурат мегирад, ки он дар навбати худ, аз 4 марҳила иборат аст. Дар корхонаи нав 100 нафар сокини маҳаллӣ бо шуғли доимӣ таъмин карда шуданд. Аксарияти коргарон аз марҳилаҳои омӯзишӣ гузашта, дорои малакаи баланди касбӣ мебошанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкор Илҳом Рабиевро, ки тавассути ҳисси баланди меҳандӯстӣ тавонист дар ду корхонаи нави саноатӣ 300 ҷойи нави корӣ ташкил намояд, намунаи ибрат хонданд.

Иконка канала Wise Wisdom
3 подписчика
12+
9 просмотров
9 месяцев назад
26 января 2025 г.

, чтобы оставлять комментарии